Баргузории дарсҳои кушод дар Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи Умари Хайём»-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе.
28 майи соли 2026 дар партави барномаи давлатии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» ва бахшида ба ҷашни пуршукуҳи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби кормандони Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Аадемияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи Умари Хайём» воқеъ ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дарси кушод баргузор гардид.
Дар раванди чорабинии мазкур аз ҷониби намояндагони Ассотсиатсияи кор бо ҷавонони «Атом»-и Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ — Холматзода Туйчи, Собирова Мавзуна, Ҳасанов Акбар, Рузиева Азиза ва Баҳронов Соҷидхон маърузаҳо вобаста ба нақши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар рушди илм, фаъолияти озмоишгоҳи Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ, саҳми ҷавонон дар соҳаи химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ, ҳамчунин ҷалби онҳо ба фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ пешкаши шунавандагон намуданд.
Иловатан барои баланд бардоштани ҳисси баланди миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва садоқати ҷавонон ба Ватан, миллат ва обу хоки сарзамини аҷдодӣ гарави амнияту осоиши ҷомеа, пешрафти давлат ва ободии имрузу фардои Тоҷикистони соҳибистиқлол маруза пешкаши шунавандагон гардид.
Чорабинии мазкур дар муҳити созандаву маърифатӣ дар сатҳи баланди ташкиливу методӣ баргузор гардида, аз ҷониби омӯзгорон ва хонандагон бо таваҷҷуҳ ва қаноатмандии хос пазируфта шуд. Тибқи нақша, баргузории чунин чорабиниҳои маърифатӣ ва тарбиявӣ дар дигар муассисаҳои таълимӣ низ дар давоми сол идома дода мешавад.